Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзномаи кувайтии «Алҷарида» мусоҳибаи хабарнигори худ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозириро таҳти унвони «Тоҷикистон дар пайи табдили робитаҳояш бо Кувайт ба шарокати самарабахш аст» нашр кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар ин мусоҳиба бо таъкид бар аҳаммияти таърихии сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт 3-5 ноябри 2024 ва нақши он дар кушодани фасли тозае дар муносибатҳои ду мамлакат ба дастовардҳои ин сафар ва зарурати пайгирӣ ва иҷрои тавофуқҳои ҳосилшуда пардохта шудааст. Ҳамчунин бар аҳаммияти баҳрагирӣ аз фазои мусбати сиёсии мавҷуд барои густариши ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ва табдили робитаҳои дӯстонаи ду кишвар ба дастовардҳои амалӣ таъкид гардидааст.

Интишори ин мусоҳиба дар яке аз рӯзномаҳои шинохташудаи Кувайт гоме муассир дар муаррифии дастовардҳо ва зарфияти Тоҷикистон, огоҳсозии афкори умумӣ ва маҳфилҳои иқтисодии Кувайт ва пешбурди дипломатияи иқтисодии мамлакат ба шумор рафта, дар тақвияти дӯстӣ ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт нақши мусбат иҷро мекунад. Матни комили мусоҳиба аз тариқи пайванди зер дар дастрас аст: https://www.aljarida.com/article/149188

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Источник: АМИТ "Ховар"