Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд

АМИТ "Ховар" · · g2761369

ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Вена мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ Абдулҳамид Алхалифа баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва бунёди мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия

Источник: АМИТ "Ховар"