Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо муовини мудири кулли Утоқи бозаргонӣ ва саноати Давлати Кувайт Имод Аз-Зайд мулоқот
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо муовини мудири кулли Утоқи бозаргонӣ ва саноати Давлати Кувайт Имод Аз-Зайд мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар мулоқот роҳҳои густариши ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби сармоягузории кувайтӣ ба Тоҷикистон, дар мулоқот роҳҳои густариши ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби сармоягузории кувайтӣ ба Тоҷикистон, афзоиши мизони табодули тиҷоратӣ, таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак ва таҳкими робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории ду мамлакат баррасӣ шуданд.
Дар ин росто пешниҳод гардид, ки то охири соли равон дар Кувайт Форуми муштараки соҳибкорӣ ва Намоишгоҳи фаровардаҳои Тоҷикистон ба манзури мусоидат ба тавсеаи беш аз пеши ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар дар арсаҳои тиҷотату сармоягузорӣ баргузор гарданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт