Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 ба 10 миллиарду 652,4 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баробар гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 35,6 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар нуҳ моҳи соли равон Тоҷикистон бо 129 давлати ҷаҳон, аз ҷумла 10 давлати аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 119 кишвари хориҷи дур муносибатҳои тиҷорати хориҷӣ ба роҳ мондааст.
Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 38,7 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он ба 4 миллиарду 119,2 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баробар шуд. Ҳамзамон ба давлатҳои хориҷи дур 61,3 фоизи гардиши савдои хориҷӣ рост меояд.
Тавсеаи иқтидори истеҳсолии ватанӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва истифодаи имконияти мавҷудаи бозорҳои хориҷӣ аз омилҳои муҳими беҳтар намудани тарози савдои хориҷии мамлакат ба ҳисоб мераванд.
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар асоси сиёсати «дарҳои кушод» ва рушди муносибатҳои тиҷоратии дуҷонибаву бисёрҷониба бо давлатҳои ҷаҳон ба роҳ монда шудааст. Тоҷикистон дар айни замон бо 129 давлати дунё додугирифти тиҷоратӣ дорад.
Ҳукумати мамлакат дар доираи «Ҳадафи чоруми миллӣ» талош дорад, ки Тоҷикистонро аз кишвари аграрию ашёи хом ба кишвари индустриалию аграрӣ табдил диҳад, то вобастагӣ аз воридот кам шуда, содироти маҳсулоти тайёри ватанӣ бештар гардад.
Соли 2024 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 8 миллиарду 328,9 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил дод. Аз ин ҳаҷм 2 миллиарду 448,8 миллион доллар ба содирот ва 5 миллиарду 880,1 миллион доллар ба воридот рост омад.
Ба таъкиди иқтисодчиён, маҳсулоти миллӣ бояд сифати хуб дошта, ба талаботи бозори берунӣ ҷавобгӯю рақобатпазир бошад. Коркарди пахта, меваю сабзавот, металлҳо, маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасонии муосир метавонанд дар ин самт имконияти бештар фароҳам оваранд.
Гардиши савдои хориҷӣ барои ҳар давлат, аз ҷумла Тоҷикистон яке аз муҳаррикҳои асосии рушди иқтисодӣ ба шумор меравад. Он ба давлат имкон медиҳад, ки бо бозори ҷаҳонӣ пайваст шуда, заминаҳои иҷтимоиву иқтисодияшро мустаҳкам кунад.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон