ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, душанбе, 271-умин рӯзи соли 2026 аст

АМИТ "Ховар" ·

28 сентябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти

28 сентябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдо ва хизматрасонии маишӣ»-ро маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  намуданд.

***

28 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзуи «Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим» суханронӣ намуданд.

***

28 сентябри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар шаҳри Берлин иштирок намуданд.

***

28 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бо заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзон ва ҳунари занону кадбонуҳои ноҳия шинос шуданд.

28 СЕНТЯБР:

Рӯзи байналмилалии дастрасии умум ба иттилоот

***

Дар Тайланд — Рӯзи парчам

РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли 1950 Индонезия ба ҳайати Созмони Милали Муттаҳид дохил шуд.

***

28 сентябри соли 1960 дар Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ фармондеҳии ягонаи қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ таъсис дода шуд.

***

28 сентябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба тақсимот ва муайянкунии сарҳади давлатӣ ба кор оғоз кард, ки то 5 октябр давом ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 дар шаҳри Душанбе оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон форуми тиҷоратӣ баргузор гардид.

***

28 сентябри соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи 14-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

28 сентябри соли 2017 Барномаи рушди кино дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1992 аввалин маротиба маъракаи даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Русия оғоз гардид.

***

Соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори 25–солагии барқарорсозии муносиботи дипломатӣ байни ду давлат чорабинии фарҳангӣ – «Шоми дӯстии Тоҷикистону Корея» баргузор гардид.

Источник: АМИТ "Ховар"