Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар шаҳри Душанбе зимни вохӯрии ҳайати Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Палатаи савдои хориҷии Олмон ва ширкатҳои олмонӣ масъалаи дурнамои тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории дорои аҳаммияти стратегӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.

Дар мулоқот иброз гардид, ки дар заминаи сиёсати созандаи роҳбарияти олии Тоҷикистон ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон солҳои охир густариш ёфта, барои рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Зимни вохӯрӣ ба масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои фоиданок, энергетикаи барқароршаванда, татбиқи технологияҳои «сабз» ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкории соҳибкорӣ, густариши робитаҳои мустақими иқтисодӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Олмон изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"