Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 25 то 27 октябри соли равон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар 9-умин Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ таҳти унвони «Сармоягузорӣ ба оянда» баргузор гардид, ки дар кори он Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд, дар доираи форум Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҷаласаи мубоҳисавӣ оид ба ҳамгироӣ ба занҷираҳои ҷаҳонии арзиши иловашуда ва ҳамоҳангсозии сиёсати тиҷоратию сармоягузорӣ иштирок намуд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо зимни ҷаласа оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ, содагардонии расмиёти гумрукӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои тиҷоратӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати сармоягузорӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти саноатӣ ибрози андеша намуд. Инчунин афзалиятҳои Тоҷикистон дар самти коркарди ашёи хом, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ҷалби технологияҳои муосир ва ворид намудани корхонаҳои ватанӣ ба занҷираҳои минтақавию ҷаҳонии таъминот муаррифӣ карда шуд.
Ҳамчунин Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ҳамоиши вазирон таҳти унвони «Соҳибкорӣ: сармоягузорӣ ба бунёдгарони оянда» иштирок намуда, имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистонро дар соҳаҳои энергетикаи обӣ, коркарди маъдан, саноати нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди истеҳсолоти дорои арзиши баланди иловашуда муаррифӣ кард.
Зимни ҳамоиш нақши соҳибкорӣ, ҷалби сармояи истеҳсолӣ, технологияҳои рақамӣ, иқтисоди «сабз» ва зеҳни сунъӣ дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои кории босифат ва баланд бардоштани рақобатпазирии кишварҳо аз самтҳои муҳим арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон дар доираи форум Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ҳамраиси қисми тоҷикистонии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Вазири давлатии тиҷорати хориҷии Вазорати тиҷорат ва саноати Давлати Қатар, ҳамраиси қисми қатарии ин комиссия Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Саид вохӯрӣ намуд.
Ҷонибҳо тавофуқҳои бадастомадаи роҳбарони олии ҳарду давлатро мавриди пайгирӣ қарор дода, масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои энергетика, бахусус маблағгузорӣ ба сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро баррасӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумла содироти меваҳои тару тоза ва хушк ба бозори Қатар, роҳандозии хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни ду давлат ва баргузории Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қатар баррасӣ шуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон