Дар Қазон ҷаласаи 24-уми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
АМИТ "Ховар" · · g1796236

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия ҷаласаи 24-уми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия ҷаласаи 24-уми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа ҳайати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода иштирок намуд.
Дар ҷаласа доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳифзи арзишҳо, пешгирии паҳншавии мундариҷаи ғайриқонунӣ дар байни ноболиғон дар муҳити рақамӣ, муқовимат ба ҷиноятҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин пешгирии истифодаи шабакаи Интернет бо мақсадҳои террористӣ ва экстремистӣ баррасӣ карда шуданд. Иштирокдорони ҷаласа нигаронии худро оид ба вазъият дар минтақаи Ховари Миёна ва оқибатҳои он барои ҷомеаи кишварҳо баён карда, зарурати риояи қатъии қонунҳои байналмилалии башардӯстонаро таъкид намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби прокурорҳои генералӣ Эъломияи Қазон қабул ва протоколи ниҳоӣ ба имзо расонида шуд. Қарорҳои мазкур барои тақвияти ҳамкории ҳуқуқӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай заминаи мустаҳкам гузошта, уҳдадории кишварҳоро барои ҳифзи насли ҷавон аз таҳдидҳои рақамӣ ва рушди ҳамкории амалӣ ба манфиати амнияти минтақавӣ тасдиқ карданд.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон