Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Ош мулоқот намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Назирмад Ализода бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Ош мулоқот намуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати
ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Назирмад Ализода бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Ош мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон хабар доданд, мулоқот бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Истиқлолият — асоси рушд, сулҳ ва ҳусни ҳамҷаворӣ» баргузор гардид.
Сафир дар бораи роҳи таърихии кишвар дар солҳои истиқлолият, аҳаммияти сулҳу ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ сухан гуфт.
Ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Назирмад Ализода аҳаммияти таърихии Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро, ки моҳи марти соли 2025 ба имзо расид, таъкид намуд. Ин санад барои таҳкими эътимод ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои неки ҳамсоягӣ имкониятҳои нав фароҳам овард.
Сафир зимни суханронӣ оид ба робитаҳои гуманитарӣ нақши муассисаҳои таълимиро дар наздиксозии мардумони ду кишвар муҳим арзёбӣ намуд. Дар Донишгоҳи давлатии Ош беш аз 120 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Ӯ ба донишҷӯён муроҷиат намуда, аҳаммияти таҳсилоти босифат ва омодагии касбӣ, инчунин нақши ҷавононро дар рушди кишварҳои худ ва таҳкими дӯстӣ дар Осиёи Марказӣ таъкид кард.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ ва тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуданд.
Сафир ҳамчунин дар бораи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самтҳои таҳкими сулҳ, захираҳои об ва тағйирёбии иқлим маълумот дод. Аз ҷумла, ӯ ба қатъномаи бо ташаббуси Тоҷикистон 25 июни соли 2026 қабулнамудаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ишора кард, ки солҳои 2027–2036-ро Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон менамояд.
Дар анҷоми мулоқот ба сокини шаҳри Ош Холиқназар Алиназаров барои иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, саҳм дар таҳкими ваҳдати ҳамватанон, ҳифзи анъанаҳо ва фарҳанги миллӣ, инчунин рушди робитаҳои дӯстона байни Тоҷикистону Қирғизистон Ифтихорномаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон супорда шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон