Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи рақамикунонии соҳаҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, татбиқи «Барномаи фарогирии иқтисодӣ» ва раванди касбомӯзӣ дар вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи рақамикунонии соҳаҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, татбиқи «Барномаи фарогирии иқтисодӣ» ва раванди касбомӯзӣ дар вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо ҳайати миссияи навбатии Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ  гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо раванди татбиқи қисмати дуюми «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ»–и назди вазоратро мавриди баррасӣ қарор доданд. Гуфта шуд, ки лоиҳа ба таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва фароҳам овардани имконоти бештар барои иштироки аҳолӣ дар равандҳои иқтисодӣ равона гардида, яке аз самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

Таъкид гардид, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдори низоми вазорат ва тақвияти ҳамкории ҷонибҳо барои татбиқи босифат ва саривақтии чорабиниҳои пешбинишуда аҳамияти муҳим дорад.

Ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории созанда ва татбиқи самараноки ҳадафҳои лоиҳа изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"