Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 26.10.2026 /АМИТ «Ховар»/ . Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии озмун шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Муовини Сарвазир бо рафти баргузории озмун аз рӯйи номинатсияҳо шинос шуда, бо масъулони комиссия, ҳайати доварон ва иштирокчиён суҳбат намуд.

Масъулон оид ба раванди қабули довталабон, пешниҳоду баррасии корҳои илмӣ ва ихтироъкорӣ, инчунин сатҳи омодагии иштирокчиён маълумот пешниҳод карданд.

Дилрабо Мансурӣ дар суҳбат бо довталабон ба ташаббусу талошҳои онҳо дар роҳи азхуд намудани донишҳои илмӣ, нақши омӯзгорон дар омода намудани насли донишманд ва дастгирии волидон дар рушди қобилияти фарзандон баҳои баланд дода, иброз намуд, ки озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» яке аз ташаббусҳои муҳимми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди илму маориф, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва тақвияти тафаккури илмӣ мебошад.

Таъкид шуд, ки озмун дар доираи амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гардида, ҳадафи он рушди тафаккури техникӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорию навоварӣ, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва дарёфту муаррифии истеъдодҳои нав мебошад.

Афзоиши таваҷҷуҳи хонандагону донишҷӯён ва дигар иштирокчиён ба технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, инчунин ихтироъкорӣ ва навоварӣ нишон медиҳад, ки озмун барои фароҳам овардани муҳити мусоиди илмӣ, бедор намудани шавқу рағбат ба таҳқиқоту эҷодкорӣ ва омода намудани мутахассисони оянда заминаи муҳим мегузорад.

Пас аз шиносоӣ бо ҷараёни озмун муовини Сарвазири мамлакат ба масъулон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани даври ниҳоӣ, таъмини шаффофияти баҳогузорӣ, риояи қатъии талаботи Низомномаи озмун ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштирокчиён дастуру супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"