Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 26.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо мақсади баррасии дурнамо ва самтҳои афзалиятноки рушди алоқаи мобилии насли панҷум (5G), ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи телекоммуникатсия Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, форум дар доираи иҷрои муқаррароти «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баргузо шуда, намояндагони мақомоти давлатӣ, операторони телекоммуникатсионӣ, ширкатҳои технологӣ ва шарикони байналмилалиро ба ҳам меорад.

Ҳадафи асосии форум баррасии нақшаҳо ва афзалиятҳои миллии Тоҷикистон дар самти рушди шабакаҳои алоқаи мобилии насли панҷум, такмили соҳаи телекоммуникатсия ва таҳияи стратегияи миллӣ дар ин самт мебошад.

Дар назар аст, ки иштирокчиён масъалаҳои вобаста ба истифодаи самараноки спектри басомадҳо, иқтисодиёти алоқаи мобилӣ ва рушди хизматрасониҳои 5G-ро баррасӣ намуда, доир ба имкониятҳои татбиқи амалии технологияҳои нав мубодилаи таҷриба намоянд.

Ҳамзамон дар форум истифодаи технологияҳои муосир дар доираи ташаббуси «Шаҳри ҳушманди Душанбе», зеҳни сунъӣ (AI), Интернети ашё (IoT), дастрасии бесими собит (FWA) ва татбиқи шабакаҳои 5G мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад.

Дар баробари ин таҳкими ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, операторони мобилии ватанӣ, таъминкунандагони технология ва шарикони байналмилалӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳими чорабинӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин дар доираи форум баимзорасонии ёддошти тафоҳум вобаста ба U6G пешбинӣ шудааст.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"