АСОСНОККУНИИ ИЛМИИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон сол ба сол афзоиш ёфта, ба рушди иқтисодиёти миллӣ саҳми назаррас мегузорад. Тибқи омори расмӣ, аз соли 1996 то 2025 шумораи
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон сол ба сол афзоиш ёфта, ба рушди иқтисодиёти миллӣ саҳми назаррас мегузорад. Тибқи омори расмӣ, аз соли 1996 то 2025 шумораи сайёҳон аз 700 нафар то 1 миллиону 784 ҳазору 400 нафар афзоиш ёфт ва ҳаҷми умумии хароҷоти сайёҳони вурудӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз 892 миллион доллар гузашт. Соли 2025 саҳми умумии рушди сайёҳӣ хориҷӣ ба ММД-и мамлакат 5,6 %-ро ташкил дод, ки ин аз самаранокии баланди соҳа дарак медиҳад. Бо чунин матлаб оғоз гардидааст мақолаи ходими пешбари илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҷаъфар ШОДИЕВ, ки ба унвони АМИТ « Ховар » ворид гардидааст. Дар зер матни пурраи мақола пешниҳод мегардад:
— Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти муҳими рушди сайёҳӣ таъкид гардида, чунин пешниҳод шудааст: «…эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба дарки аҳамияти ин соҳа дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшид ва шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 аз Тоҷикистон боздид намуданд, нисбат ба соли 2017 2,5 баробар зиёд гардид. Бо мақсади суръат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои номбаршуда ва бо назардошти зарурати рушди инфрасохтори деҳот 26 декабри соли 2019 пешниҳод гардид, ки ташаббуси мазкур идома дода шуда, солҳои 2019–2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шаванд».
Инчунин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 чунин таъкид гардид: “…дар солҳои 2018–2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чор лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ карда шуд. Ғайр аз ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шуданд. Дар ин давра 1450 иншооти сайёҳӣ таъсис дода шуд..».
Маълумоти оморӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар ҷумҳурӣ соли 2025 зиёда аз 367 корхонаи соҳаи сайёҳӣ фаъолият намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 20 адад зиёд мебошад. Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 191 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст.
Барои ташаккул додани соҳаи сайёҳӣ зарур аст, ки бо назардошти хусусияти ҷуғрофӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ ва ҳамчунин менталитети мардуми тоҷик маҷмуи чорабиниҳое амалӣ карда шаванд, ки ба ташкили соҳаи сердаромади сайёҳӣ равона гардидаанд. Ҳар қадам дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ бояд аз ҷиҳати илмӣ таҳия ва аз ҷиҳати назариявӣ асоснок карда шавад.
Мо чунин мешуморем, ки пеш аз ҳама, зарур аст, ки асосноккунии илмии ташаккул ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ таҳия карда шавад. Аз ҷумла, захираҳои сайёҳии минтақаҳои ҷумҳурӣ муайян ва шиносномадор карда шуда, инчунин ҳаҷми қобили қабули сарбории рекреатсионӣ ба онҳо муайян карда шавад. Ҳамзамон чорабиниҳо оид ба маркетинги хизматрасониҳои сайёҳӣ, курортӣ, меҳмонхонагӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ таҳия карда шаванд.
Пешниҳод менамоем, ки низоми ягонаи давлатии стандартизатсия ва сертификатсияи молу хизматрасониҳои сайёҳӣ таъсис дода шавад. Ҳамчунин зарур аст, ки стандарти ягонаи таснифотии талабот ва тарифҳо барои соҳаи сайёҳӣ таҳия карда шавад.
Дар ҷумҳурӣ зарурати рушди сайёҳӣ ҳам аз нуқтаи назари иҷтимоӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ тақозо менамояд, ки фаъолияти ин соҳа дар шакли соҳавӣ ташкил ва идора карда шавад.
Афзоиши шумораи сайёҳонӣ вурудӣ ба маънои зиёд шудани ҷойи кор дар соҳаи сайёҳӣ ва соҳаҳои бо он алоқаманд мебошад, ки дар навбати худ барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум замина фароҳам меорад.
Барои ба таври назаррас афзоиш додани ҷараёни сайёҳонӣ вурудӣ ба Тоҷикистон «ҷаҳиши стратегӣ» зарур аст:
Барои рушди сайёҳии астрономӣ баргузории Конгресси умумиҷаҳонии астрономӣ метавонад нақши муҳим дошта бошад, агар ташаббуси ташкили онро Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби ЮНЕСКО ва ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаҳои фарҳанг, тиҷорат, сайёҳӣ ва варзиш ба зимма гиранд. Баргузории чунин конгресс метавонад оғози таъсиси Фонди байналмилалии рушди сайёҳии астрономӣ гардад.
Барои эҳёи Роҳи Лоҷувард заминаҳои кофӣ мавҷуданд ва ин роҳ метавонад ба яке аз самтҳои алтернативии рушди сайёҳӣ табдил ёбад. Ин роҳ Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустонро бо ҳам мепайвандад. Ин хатсайрро метавон дар доираи фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ташкил намуд, бо назардошти он ки Ҳиндустон ва Покистон аъзои ин созмон мебошанд. Хатсайри байналмилалии сайёҳӣ аз Тоҷикистон то Ҳиндустон бо масофаи 129 км (аз ҳудуди Афғонистон — 35 км ва Покистон — 65 км) таҳти унвони ТАПҲ (Роҳи қадимаи Лоҷувард) метавонад ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди сайёҳии байналмилалӣ истифода шавад.
Таъмини шароити мусоид ва сохтмони роҳҳои симдор (канатӣ) дар минтақаҳои пиряхии Бадахшон метавонад барои интиқоли сайёҳон ба ҳавзаҳои пиряхҳо мусоидат намояд. Дар ин мавзеъҳо сайёҳон метавонанд аз манзараҳои ғайриодӣ ва нотакрори баландкӯҳҳои пиряхии Бадахшон баҳра баранд.
Истифодаи оқилонаи захираҳои рекреатсионӣ ҳамзамон масъалаи таъсиси «Боғи пиряхӣ»-ро дар ин вилоят миён мегузорад. Он аз мамнуъгоҳҳо бо он фарқ хоҳад кард, ки вазифааш танҳо ҳифзи олами ҳайвонот ва наботот набуда, балки шинос намудани одамон бо муҳити табиӣ, тарбия намудани муҳаббат ба табиат, омӯзонидани қонунҳои табиат ва хусусияти рушди он мебошад. Таҷрибаи таъсиси боғҳои пиряхӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Канада ҳанӯз аз охири асри XIX мавҷуд аст.
Ҷойи дигари зебои ин ноҳия “Ҳавзи кабуд” ном дорад, ки дар он ҷо таъсиси пойгоҳи сайёҳӣ барои 100 нафар имконпазир ва зарур мебошад. Бо назардошти гуногунии минтақаҳои табиии ин ноҳия эълон намудани он ҳамчун минтақаи байналмилалии сайёҳӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Ин ҳама имкон медиҳад ба чунин хулоса бирасем, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳӣ дорои иқтидори бузурги рушди сайёҳӣ мебошад. Рушди ин соҳа метавонад ба яке аз самтҳои пешбарандаи рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони ҷумҳурӣ дар асри XXI табдил ёбад.
АКС: АМИТ «Ховар»