КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа

АМИТ "Ховар" ·

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа

ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/ . Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, таҷассумгари ормонҳои миллӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин роҳнамои асосии рушди давлату ҷомеа ба шумор меравад. Он на танҳо маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқӣ, балки шиносномаи давлат, ифодагари иродаи халқ ва рамзи соҳибихтиёриву мустақилияти миллӣ мебошад.

–Барои миллати куҳанбунёди тоҷик қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳими таърихӣ ва саҳифаи нав дар таърихи давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. 6 ноябри соли 1994, дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ мардуми Тоҷикистон бо дарки масъулияти бузурги шаҳрвандӣ ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд.

Аҳаммияти таърихии ин санадро дар он бояд ҷустуҷӯ кард, ки он давлатдории миллиро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқӣ пайваст намуда, барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими суботи сиёсӣ ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ заминаи устувор фароҳам овард. Ин санади сарнавиштсоз заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Конститутсия ҳуқуқи ҳар шаҳрвандро ба ҳаёт, таҳсил, меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, озодии сухан, виҷдон ва дигар ҳуқуқу озодиҳои бунёдӣ кафолат медиҳад. Ҳамзамон он масъулияти шаҳрвандонро дар назди давлату ҷомеа муайян намуда, эҳтиром ба қонун, ҳифзи Ватан, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои дигаронро тақозо менамояд.

Миллатро танҳо сарзамин, забон ва таърихи муштарак муттаҳид намекунад. Миллатро ҳамчунин андешаи ягонаи давлатдорӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумӣ ва масъулияти муштарак дар назди оянда ба ҳам меорад. Маҳз дар ҳамин замина Конститутсия аҳаммияти хосса пайдо мекунад. Он таҷассумгари созиши ҷомеа дар атрофи арзишҳои бунёдӣ буда, меъёрҳои ҳамзистӣ, муносибати инсон бо давлат ва масъулияти шаҳрвандиро муайян менамояд.

Конститутсия — меъмори низоми муосири давлатдорӣ ҳар давлат барои пешрафти устувор ба низоми муайяни ҳуқуқӣ, сохтори муназзами идоракунӣ ва муносибатҳои танзимшудаи ҷамъиятӣ ниёз дорад. Бе чунин замина рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ наметавонад хусусияти устувор касб намояд. Конститутсия маҳз ҳамин вазифаи бунёдиро иҷро мекунад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия асосҳои сохтори давлатӣ, принсипҳои фаъолияти мақомоти ҳокимият, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин уҳдадориҳои асосии онҳоро муайян менамояд. Муқаррароти он ба ташаккули ҷомеае равона шудаанд, ки дар он волоияти қонун, баробарӣ дар назди қонун ва эҳтироми шаъну шарафи инсон арзиши бунёдӣ мебошанд. Волоияти қонун яке аз нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд аст. Маънои ин дар он ифода меёбад, ки фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва шаҳрвандон бояд дар доираи қонун амалӣ гардад.

Ҳеҷ кас наметавонад худро болотар аз талаботи қонун шуморад. Маҳз ҳамин принсип барои таъмини адолат, пешгирии худсарӣ ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба сохторҳои давлатӣ аҳаммияти бузург дорад.

Яке аз паҳлуҳои муҳими Конститутсия ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Дар он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардидаанд. Ин меъёр мазмуни амиқи иҷтимоӣ дошта, мавқеи инсонро дар низоми давлатдорӣ муайян мекунад.

Аммо истифодаи ҳуқуқ ҳамеша бо эҳтироми ҳуқуқи дигарон ва иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ҳамбастагӣ менамояд. Ҷомеаи пешрафта ҷомеаест, ки дар он шаҳрвандон на танҳо ҳуқуқҳои худро талаб мекунанд, балки дар назди ҷомеа масъулияти худро низ эҳсос менамоянд. Ҳифзи муҳити зист, муносибати эҳтиёткорона ба моликияти ҷамъиятӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии маҳалли зист аз ҷумлаи зуҳуроти фарҳанги баланди шаҳрвандӣ мебошанд.

Бояд дарк намуд, ки эҳтиром ба Конститутсия танҳо бо баргузории чорабиниҳои идона ё зикри санаҳои таърихӣ маҳдуд намешавад. Он, пеш аз ҳама, дар рафтори ҳаррӯзаи инсон, муносибати ӯ ба қонун, ҷомеа ва атрофиён зоҳир мегардад.

Маърифати ҳуқуқӣ — заминаи ҷомеаи худогоҳ

Дар замони муосир танҳо доштани қонунҳои мукаммал барои бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд кофӣ нест. Муҳим он аст, ки шаҳрвандон моҳият ва мазмуни қонунҳоро дарк намоянд, ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донанд ва дар зиндагии ҳаррӯза аз онҳо дуруст истифода баранд.

Маърифати ҳуқуқӣ бояд аз муҳити оила оғоз ёфта, дар муассисаҳои таълимӣ ва тамоми сохторҳои ҷамъиятӣ идома ёбад. Падару модарон, омӯзгорон, кормандони соҳаи ҳуқуқ ва фаъолони ҷомеа дар ин раванд масъулияти муҳим доранд.

Хусусан дар шароите, ки фазои иттилоотӣ босуръат тағйир меёбад ва таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷаҳонбинии мардум меафзояд, зарурати ташаккули тафаккури мустақилона, муносибати интиқодӣ ба иттилоот ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ бештар мегардад.

Шаҳрванди соҳибмаърифат бояд тавонад байни ҳақиқату гумроҳӣ, арзишҳои созандаву амалҳои номатлуб фарқ гузорад. Донистани қонун, эҳтироми ҳуқуқи дигарон ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ аз муҳимтарин омилҳои пешгирии қонуншиканӣ ва зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ мебошанд.

Насли ҷавон — идомадиҳандаи андешаи давлатдорӣ

Ояндаи ҳар давлат, пеш аз ҳама, ба сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва мавқеи шаҳрвандии насли ҷавон вобаста аст. Ҷавонон бояд на танҳо меросбари дастовардҳои истиқлолият бошанд, балки дар ҳифзу таҳкими онҳо саҳми фаъол гузоранд.

Омӯзиши Конститутсия барои ҷавонон бояд ба дарки воқеии ҳуқуқу озодиҳо, масъулияти шаҳрвандӣ ва арзишҳои давлатдории миллӣ мусоидат намояд. Ҷавоне, ки таърихи давлат, сохтори ҳуқуқӣ ва уҳдадориҳои худро медонад, метавонад дар ҷомеа мавқеи устувор дошта бошад.

Дар баробари ин, эҳтиром ба забони давлатӣ, ҳифзи фарҳанги миллӣ, омӯзиши илму дониш, азхудкунии технологияҳои муосир ва арҷгузорӣ ба заҳмати падару модарону омӯзгорон бояд ҷузъи ҷудонашавандаи тарбияи насли наврас бошад. Зеро ватандӯстӣ танҳо дар сухан ифода намеёбад.

Истиқлолият ва Конститутсия-ду рукни тақдирсози давлатдорӣ

Истиқлоли давлатӣ ва Конститутсия бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Агар Истиқлолият рамзи соҳибихтиёрии давлат ва озодии интихоби роҳи рушди миллат бошад, пас Конститутсия заминаи ҳуқуқӣ ва кафолати ҳифзи ин арзиши муқаддас мебошад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаҳои муҳими давлатсозиро паси сар намуда, ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ноил гардид. Таъмини сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият мебошанд.

Дар ин раванд нақши Конститутсия ҳамчун санади муайянкунандаи низоми сиёсӣ, сохтори давлатӣ ва самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар басе муҳим мебошад. Он барои фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ, таҳкими қонуният ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ заминаи устувор фароҳам меорад.

Имрӯз ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҳтиром ба Конститутсия вазифаи муқаддаси шаҳрвандии мо мебошад.

Умед СОДИҚИЁН, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур

Источник: АМИТ "Ховар"