Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Игор Ангеловский ҳайати васеи дастаро барои иштирок дар Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» эълон кард. Мусобиқа аз 14 то 19 ноябр дар шаҳри Сисакети Таиланд баргузор мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ба рӯйхати васеи мунтахаби Тоҷикистон 37 футболбоз шомил шудаанд, ки аз ин шумора 4 нафар дарвозабон, 13 нафар ҳимоятгар, 13 нафар нимҳимоятгар ва 7 нафар ҳамлагар мебошанд. Аз байни онҳо барои иштирок дар мусобиқа 24 футболбоз ба ҳайати ниҳоии даста дохил карда мешаванд.
Дар рақобати нимниҳоии мусобиқаи «King’s Cup 2026» яккачини Тоҷикистон бо тими миллии Умон, ки дар раддабандии феълии ФИФА мақоми 81-умро ишғол мекунад, вомехӯрад. Дар бозии дигари нимниҳоӣ мунтахабҳои Тайланд ва Бруней бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд. Бозиҳои нимниҳоӣ рӯзи 14 ноябр дар Варзишгоҳи музофотии Сисакет баргузор мегарданд.
Ғолибони вохӯриҳои нимниҳоӣ ба финал роҳ ёфта, дастаҳои мағлубшуда барои ба даст овардани ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Бозиҳои ҳалкунандаи мусобиқаи «King’s Cup 2026» рӯзи 17 ноябр доир мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон