Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026, ки 29-30 сентябр дар Душанбе баргузор гардид, Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Ёддошти тафоҳум байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии
ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026, ки 29-30 сентябр дар Душанбе баргузор гардид, Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Ёддошти тафоҳум байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Узбекистон барои солҳои 2025-2027 ба имзо расид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ин санад зимни мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо муовини Вазири технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Узбекистон Ҷамол Мақсудов ба имзо расид.
Ҷонибҳо ҳамзамон масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар самти зеҳни сунъӣ, хизматрасониҳои рақамӣ, инфрасохтор, омодасозии кадрҳо ва дастгирии стартапҳоро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин густариши ҳамкорӣ байни IT Park Dushanbe ва IT Park Uzbekistan, баргузории ҳакатонҳо, барномаҳои омӯзишӣ ва табодули таҷриба пешниҳод гардид. Ҷонибҳо барои иҷрои самарабахши нақша ва татбиқи ташаббусҳои муштарак изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон