«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалишавии марҳилаи дуюми «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» дар ҳудуди вилояти Хатлон 165 иншооти соҳаи маориф барои 53 ҳазору 303 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 957 миллиону 850 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.
Ҳоло 28 иншооти соҳа сохта шудааст, ки 16,9 %-и иҷрои барномаро ташкил медиҳад. Инчунин аз рӯйи нақшаи амали барнома дар 56 иншооти дигари соҳа корҳои сохтмонӣ идома доранд. Инчунин дар ин давра 128 иншооти дигар берун аз нақшаи барнома навсозӣ карда шудааст.
«Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» дар марҳилаи дуюм бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 июли соли 2025 тасдиқ гардид. Ҳадаф аз барномаи мазкур беҳтар гардонидани вазъи моддӣ-техникии муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошад.
Ҳамзамон барнома ба ҳалли мушкилоти ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон, аз байн бурдани биноҳои дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам намудани шароити мусоиди таҳсил равона гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки барнома аз соли 2022 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ду марҳиларо дар гирифта, аз се замима иборат аст: Якум, сохтани муассисаҳои таълимие, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, ба синфхонаҳои иловагӣ ниёз доранд.
Дар марҳилаи дуюм муассисаҳои таълимие, ки дар деҳаҳои навбунёд ва деҳаҳое, ки шумораи аҳолиашон рӯ ба афзоиш аст, ба инобат гирифта мешаванд.
Тибқи замимаи сеюм, таъмиру навсозии муассисаҳои таълимие, ки биноҳои онҳо ба таъмиру навсозӣ ниёз доранд, яъне биноҳои се-чор ошёнае, ки ба таъмиру таҷдид ниёз доранд, навсозӣ мегарданд.
Дар марҳилаи якуми барнома 105 иншоот, ки 60,7 фоизро ташкил медиҳад, сохта, ба истифода дода шудааст. Дар баробари ин соли 2024 50 иншооти дигар навсозӣ гардид.
Тавре иброз гардид, яке аз бандҳои барнома беҳтар гардонидани вазъи моддӣ-техникии муассисаҳои вилоят мебошад. Дар доираи он аз 1 январи соли 2026 то имрӯз 1228 компютер, 231 принтер, 99 тахтаи электронӣ ва 93 видеопроектор ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуд.
Бояд гуфт, ки тарбия ва ба таҳсили хушсифат фаро гирифтани насли наврас аз ҳадафҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Имрӯз талошҳо ба он равона шудаанд, ки ҷавонону наврасон дар шароити хуб таҳсил намуда, дар оянда дар пешрафти Ватан саҳми арзанда гузоранд.
Зарангези ЛАТИФ, АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»