Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон рушди устуворро ба яке аз самтҳои меҳварии фаъолият табдил дода, дар рейтинги ҷаҳонии донишгоҳҳои устувор (сабз) – UI GreenMetric World
ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон рушди устуворро ба яке аз самтҳои меҳварии фаъолият табдил дода, дар рейтинги ҷаҳонии донишгоҳҳои устувор (сабз) – UI GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи натиҷаҳои соли 2026, донишгоҳ дар байни 2016 муассисаи таҳсилоти олӣ аз 110 кишвари ҷаҳон мақоми 450-ум ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мисли соли 2025 ҷойи якумро соҳиб шуд. Дар муқоиса бо мақоми 810-уми соли 2025 донишгоҳ давоми як сол 360 зина боло рафт, ки яке аз беҳтарин ҷаҳишҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Донишгоҳ аз рӯйи ҳафт самти асосӣ – инфрасохтор; энергетика ва тағйирёбии иқлим; идоракунии партовҳо; истифодаи об; нақлиёт; илм ва таҳқиқот; идоракунӣ ва рақамикунонӣ 7187,5 хол ба даст овард. Натиҷаҳо махсусан дар самтҳои илм ва таҳқиқот – 89,4 фоиз, нақлиёти устувор – 87,5 фоиз ва идоракунӣ ва рақамикунонӣ – 85,2 фоиз назаррас мебошанд. Ин нишондиҳандаҳо далели гузариши пайгиронаи донишгоҳ ба модели муосири «Донишгоҳи сабз, рақамӣ ва ҳушманд» аст. Ин пешрафт натиҷаи тадбирҳои мушаххас мебошад. Соли 2026 дар донишгоҳ неругоҳи офтобии иқтидораш 150 кВт мавриди истифода қарор гирифта, истифодаи таҷҳизоти каммасраф, чароғҳои LED ва сенсорҳои зеҳнӣ густариш ёфт. Ҳамзамон ҷудокунии партовҳо, сарфаи об, рушди нақлиёти устувор ва рақамикунонии равандҳои таълимию идоракунӣ пайгирона амалӣ мегарданд.
Дар таҳкими заминаҳои илмии ин раванд Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз нақши муҳим дошта, таҳқиқотро дар соҳаҳои иқтисоди «сабз», тағйирёбии иқлим, технологияҳои зеҳнӣ ва рушди устувор густариш медиҳад.
Донишгоҳ ҳамчун ҳамоҳангсози миллии шабакаи UI GreenMetric дар Тоҷикистон ба рушди иштироки муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар ин шабака, табодули таҷриба ва татбиқи принсипҳои рушди устувор мусоидат менамояд. Дар доираи ин масъулият баргузории ҳамоишҳои иттилоотӣ ва таҳкими ҳамкории байнидонишгоҳӣ ба пешбурди ташаббусҳои «сабз» дар сатҳи миллӣ равона шудаанд.
Пешрафти донишгоҳ танҳо бо болоравии мавқеъ дар рейтинг маҳдуд нагардид. Соли 2026 Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои фаъолияти босамар дар шабакаи байналмилалии UI GreenMetric бо эътирофи махсуси «Фаъолтарин донишгоҳ дар шабакаи рейтингии донишгоҳҳои устувори UI GreenMetric дар Тоҷикистон» қадрдонӣ гардид. Дастоварди соли 2026 барои ин донишгоҳ марҳилаи ниҳоӣ набуда, замина барои ҳадафҳои боз ҳам бузургтар мебошад.
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо роҳнамоӣ аз сиёсати созанда ва ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи лоиҳаҳои «сабз», рушди энергетикаи барқароршаванда, технологияҳои зеҳнӣ, рақамикунонӣ, таҳқиқоти илмӣ ва ҳамкории байналмилалиро боз ҳам густариш диҳад. Натиҷаи соли 2026 дар рейтинги ҷаҳонии донишгоҳҳои устувор нишон медиҳад, ки донишгоҳ дар роҳи табдил ёфтан ба яке аз марказҳои пешсафи таҳсилот, илм ва рушди устувор қадамҳои устувор мегузорад.
Ин дастовард бозгӯйи он аст, ки сиёсати «сабз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат то татбиқи амалии онҳо дар муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишвар пайгирона амалӣ гардида, натиҷаҳои воқеӣ ба бор меорад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон