Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳия шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.

Сулаймон Зиёзода аз рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷамоатҳои ноҳия, корҳои кишти тирамоҳӣ ва фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ шинос шуд. Масъалаҳо вобаста ба таъмини саривақтии ҷамъоварии ҳосил, кишти тирамоҳӣ ва таъмири насосҳои обкашӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти пойгоҳи обкашии «Дилварзин-2» ба масъулон барои таъмиру омодасозии пойгоҳҳои обкашӣ ва инфрасохтори мавҷуда барои мавсими нави кишту кори соли оянда дастур дода шуд. Иброз гардид, ки омодагии саривақтии пойгоҳҳои обкашӣ, таъмири таҷҳизоти фарсуда ва таъмини фаъолияти мунтазами низоми обёрӣ аз омилҳои асосии пешрафти соҳаи кишоварзии ноҳия ба ҳисоб мераванд.

Инчунин зимни суҳбат бо масъулон татбиқи лоиҳаи навсозии низоми обёрии ноҳияи Мастчоҳ, ки он соли 2027 оғоз мешавад, ёдоварӣ шуд.

Баён гардид, ки барои таҷдиди низоми обёрии ноҳия 72 миллион евро бо дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд пешбинӣ шудааст. Татбиқи ин лоиҳа барои бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи инфрасохтори обрасонӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои об заминаи мусоид фароҳам меоварад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Источник: АМИТ "Ховар"