Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябр дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баландтар пешгӯӣ мешавад. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорат дар назар

ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябр дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баландтар пешгӯӣ мешавад. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорат дар назар аст. Ҳавои моҳи октябри имсола ба соли 20 22 монандӣ дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 13+19 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 13+15 дараҷа гарм  мешавад.           Дар  даҳрӯзаи аввали моҳ дар водиҳо ҳавои нисбатан гарм пешгӯӣ шуда, ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 9+14 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона аз 7+12 то 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона аз 20+25 то 14+19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз 5+10 то 2+7 ва  рӯзона аз 16+21 то 10+15 дараҷа гарм мешавад. Шамол бо суръати 15-20 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд.

Моҳи октябр дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 13+16 ва ноҳияҳои кӯҳӣ 5+9 дараҷа гарм мешавад. Дар водиҳо дар даҳрӯзаи аввали моҳ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 ва рӯзона 16+21 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона аз 6+11 то 3+8 дараҷа гарм, рӯзона аз 18+23 то 12+17 дараҷа гарм мешавад. Инчунин дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 дараҷа гарм то 1-6 дараҷа хунук, рӯзона аз 10+15 то 4+9 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ шамол бо суръати 15-20 метр дар як сония мевазад.

Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво 9+17 дараҷа гарм мешавад. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона аз 4+9 дараҷа гарм то 3 дараҷа хунук ва 2 дараҷа гарм, рӯзона аз 14+19 то 8+13 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Моҳи октябр дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 0-2 дараҷа хунук мешавад.   Ҳавои нисбатан гарм дар даҳрӯзаи аввали моҳ пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.  Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ пастшавӣ ва тағйирёбии ҳаво дар назар буда, шабона аз 4-9 то 9-14 дараҷа хунук, рӯзона аз 3+8 дараҷа гарм то 3 дараҷа хунук ва 2 дараҷа гарм мешавад. Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония мевазад.

АКС аз бойгонӣ

Источник: АМИТ "Ховар"