80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 14.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои созандагиву ободонӣ ва бо мақсади беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандон маҷмуи биноҳои истиқоматӣ барои кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи аввал се қисмати ин биноҳо мавриди истифода қарор дода мешаванд, ки дорои 80 манзили истиқоматӣ мебошанд.
Таъкид гардид, ки таъмини кормандони милитсия бо шароити арзандаи корӣ барои иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, фаъолияти босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирии қонунвайронкунӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва таҳкими суботу оромӣ дар ҷомеа муҳим мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 10 ноябри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 7 иншооти соҳаро дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла маҷмуи биноҳои истиқоматӣ барои кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бунёди чунин иншооти муҳим бозгӯ аз таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар ба таҳкими заминаҳои моддию техникии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат барои кормандони милитсия мебошад
АКС: АМИТ «Ховар»