Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 27.10.2026/АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерландия таҷрибаи пешқадамро дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти мақомоти гумрук омӯхтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳамоише, ки дар мавзуи «Содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ» дар Нидерланд баргузор гардид, намояндагони мақомоти гумруки Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистонро ба ҳам овард.

Баррасии роҳҳои амалии татбиқи зеҳни сунъӣ дар амалиёти гумрукӣ, автоматикунонии расмиёти гумрукӣ, истифодаи самараноки маълумот ва такмили низоми идоракунии таваккалҳо аз ҳадафҳои асосии ҳамоиш буд. Ин тадбирҳо ба баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукӣ ва содагардонии расмиёти савдо равона шудаанд.

Зимни боздид аз ширкати Codici иштирокчиён бо имкониятҳои истифодаи зеҳни сунъӣ барои автоматикунонии таснифоти молҳо мутобиқи Низоми ҳамоҳангшудаи тавсиф ва рамзгузории молҳо (HS) ва дастгирии равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ шинос шуданд.

Ҳамзамон дар Маъмурияти гумруки Нидерландия масъалаҳои татбиқи стратегияи рақамӣ, идоракунии таваккалҳо, истифодаи маълумот ҳангоми қабули қарорҳо ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар назорати гумрукӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Дар Бандари Роттердам иштирокчиён бо системаҳои муосири сканкунии контейнерҳо, терминали санҷишӣ ва маркази омӯзиши амалӣ шинос шуданд. Дар Донишгоҳи технологии Делфт (TU Delft) масъалаҳои таҳлили маълумот, мубодилаи иттилоот, шаффофияти занҷираи таъминот, амнияти долонҳои савдо ва рушди низоми гумруки сабз баррасӣ шуданд.

Дар доираи вохӯриҳо ва муҳокимаҳои минтақавӣ намояндагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ таҷрибаи худро мубодила намуда, сатҳи рақамикунонии мақомоти гумруки кишварҳои худро муаррифӣ карданд. Ҳамчунин, имкониятҳои мутобиқсозии таҷрибаи пешқадами омӯхташуда ба шароити фаъолияти мақомоти гумруки ҳар як кишвар баррасӣ гардиданд.

Донишу таҷрибаи бадастомада барои таҳкими иқтидори рақамии Хадамоти гумруки Тоҷикистон, такмили низоми идоракунии таваккалҳо, автоматикунонии равандҳои корӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ аҳамияти амалӣ дорад. Инчунин мавод ва роҳи ҳали омӯхташуда метавонанд дар ташкили курсҳои такмили ихтисос ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти гумрук истифода шаванд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"