Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар ҷаласаи шуро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи ҳудудӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод ва баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Инчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар хусуси Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи автомобилгарди Рӯшон-Варшез, марҳилаи 1», Дар хусуси Протокол оид ба қатъи амали Созишнома оид ба кумак ба гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ аз 24 сентябри соли 1993, Оид ба протоколҳо дар бораи ворид намудани тағйирот ба моддаҳои 50 (а) ва 56 Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалӣ пешниҳод ва баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"