Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ашрафҷон Гулов дар 42-юмин «Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ» (ADIPEC-2026) дар шаҳри Абу-Забӣ иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ хабар доданд, ҳамоиши имсолаи ADIPEC аз 2 то 5 ноябри 2026 идома меёбад.
Дар он зиёда аз 239 000 иштирокчӣ, аз ҷумла вазирон, сиёсатмадорон, шахсони воломақом, тасмимгирандагон, сармоягузорон, роҳбарони ширкатҳои ҷаҳонӣ ва коршиносони соҳаи беш аз 170 кишвари ҷаҳон барои табодули таҷриба, мубоҳисаҳои сатҳи олӣ, сармоягузорӣ ва ҳамкории тиҷоратӣ ҷамъ омадаанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ