Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаи якмоҳаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат зиёда аз 97 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни оғози ин чорабинии муҳими сиёсӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз аввалинҳо шуда, нақшаи муқарраргардидаро пеш аз муҳлат ба анҷом расонид.

Дар ин радиф шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон низ пешсаф буда, моҳи октябри соли равон нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбиро пурра ва пеш аз муҳлат иҷро намуданд.

Вилояти Суғд дар давраи ҳисоботӣ нақшаи пешбинигардидаро қариб 92 фоиз иҷро намуд. То ин дам шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Конибодом, Панҷакент, Истиқлол, Айнӣ, Ашт, Зафаробод ва Кӯҳистони Мастчоҳ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват ҳисобот додаанд.

Илова бар ин, иҷрои нақшаи пешбинишудаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 99,6 фоиз баробар мебошад.

Ҳамарӯза ҷавонони бонангу номуси синни даъватӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир гардида, омодагиашонро барои иҷрои вазифаи консититусионии хеш дар назди халқу Ватан бо масъулияти баланд иброз медоранд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз 1 октябри соли 2026 оғоз гардид.

АКС: Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"