Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастур доданд, ки Муассисаи   таҳсилоти

ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастур доданд, ки Муассисаи   таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и шаҳри Хоруғ  ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба падару модари шодравон Алишер Мирзонабот барои ба камол расонидани чунин фарзанди содиқу ватандӯст самимона изҳори миннатдорӣ намуданд.

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 барои 1048 хонандаро дар маҳаллаи ба номи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ мавриди истифода қарор доданд.

Муассиса аз 20 синфхонаи таълимӣ, 10 утоқи корӣ, китобхонаи электронӣ ва якчанд ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар синфхонаҳои муассиса барои омӯзиши фанҳои гуногун, аз ҷумла математика, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ заминаи зарурии моддию техникӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳар кабинети фаннӣ бо назардошти хусусияти таълимӣ ва талаботи барномаи таълимӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Муассиса ҳамчунин дорои ошхона бо 90 ҷойи нишаст, толори варзишӣ ва толори маҷлис бо 170 курсӣ мебошад.

Толори варзишӣ бо таҷҳизоти зарурӣ барои баргузории машғулияти гуногуни солимгардонӣ пешбинӣ шуда, ба хонандагон имконият медиҳад, ки дар шароити муносиб ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд ва маҳорати варзишиашонро такмил диҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва омӯзгорон дастур доданд, ки аз имконоти фароҳамшуда самаранок истифода карда, барои баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии хонандагон, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ талоши бештар намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ « Ховар »

Источник: АМИТ "Ховар"