Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ғолибони даври ниҳоии озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» қадршиносӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» донишҷӯи курси дуюми факултети химия ва биология Дилшодҷони Шоҳмурод дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» таҳти роҳбарии дотсенти кафедраи химия ва методикаи таълими он Сафар Холиқзода сазовори ҷойи сеюм гардида, бо Диплом ва мукофоти пулӣ ба маблағи 30 000 сомонӣ мушарраф шуд.

Донишҷӯи курси панҷуми ҳамин факултет Сайфуллои Муродалӣ дар номинатсияи «Биология» ва дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии психология дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» Анвар Шарипов ба натиҷаҳои шоиста ноил гардида, бо ифтихорномаҳои Кумитаи тадорукоти озмун сарфароз шуданд.

Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» донишҷӯи курси дуюми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ Зира Қурбонова таҳти роҳбарии дотсент, мудири кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих Меҳрафрӯз Холмуродзода сазовори ҷойи сеюм гардид.

Инчунин донишҷӯи курси чоруми факултети филологияи рус Тахмина Самадова барои иштироки фаъолона дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бо Ифтихорномаи Кумитаи тадорукот қадрдонӣ шуд.

Дар маросими тантанавии қадршиносӣ раёсати донишгоҳ ба ғолибони ҷойи сеюми озмунҳо ба маблағи 5000 сомонӣ ва ба роҳбарони онҳо ба андозаи як маоши вазифавӣ мукофотпулӣ тақдим намуд. Ҳамзамон ба дигар иштирокдорони фаъоли озмунҳо барои ҳавасмандгардонӣ ва қадршиносии заҳмату талошҳояшон мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ супорида шуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Источник: АМИТ "Ховар"