Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патронеро ба ҳузур пазируфтанд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Пас аз мулоқот бо иштироки Маттео Патроне нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Зимни нишасти матбуотӣ Маттео Патроне гуфт, ки «дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишварро баррасӣ намудем. Ҳамкории имрӯза дар сатҳи хуб қарор дошта, оянда омода ҳастем барои дастгирии соҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон, аз ҷумла соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ, лоиҳаҳои гуногунро амалӣ намоем».

Иттилоъ дода шуд, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз лаҳзаи аввали татбиқи лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 1,1 миллиард доллари амрикоӣ маблағгузорӣ намудааст. Ҳаҷми маблағе, ки барои марҳилаи навбатӣ ҷудо мегардад беш аз 500 миллион евро мебошад.

«Ҳол мо зиёда аз 1000 ширкати хусусии Тоҷикистонро бо хизматрасониҳои машваратӣ дастгирӣ намудем ва ҳадаф дорем, ки ин ҳамкориро боз ҳам идома диҳем», -изҳор дошт Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд.

Маттео Патроне афзуд, ки яке аз самтҳои дигар, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ менамоянд, ин рушди инфрасохтори устувор, яъне энергетика, пайвастагӣ тавассути бунёди роҳҳои баландсифат, масоили обу корез ва оби полезӣ барои кишоварзӣ мебошад.

«Имрӯз мо Ёддошти тафоҳумро аз рӯи ду лоиҳаи нав ба имзо хоҳем расонид. Барномаи дастгирии таъмин намудани оби нӯшокӣ ва обу корез дар шаҳри Кӯлоб, ки тавассути ин лоиҳа 12 ҳазор нафар аҳолӣ ба оби тоза дастрасӣ пайдо менамоянд. Инчунин лоиҳаи дигар роҳи мошингарди Балҷувон ва Сари Хосор мебошад»,-илова кард ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки ба наздикӣ ду лоиҳаи нав — марҳилаи дуюми шабакаҳои тақсимоти барқ ва паст кардани талафоти нерӯ ва лоиҳаи кумак ба манотиқи деҳот низ дастгирӣ карда мешавад.

«Ҳамзамон қадамҳои рушди устуворро дар охири соли 2026 ва аввали соли 2027 гузошта мешаванд. Соли 2027 якчанд лоиҳаи муҳимро барои Тоҷикистон ба нақша гирифтаем, ки он ҳам бахши хусусӣ ва ҳам давлатиро фаро мегирад. Аз ҷумла, идора кардани обҳои партов дар шаҳри Хуҷанд, навсозии системаи иригатсионӣ дар Тоҷикистон ва дастгирии таҷдиди роҳи Ваҳдат-Роғун пешбинӣ шудааст», -афзуд Маттео Патроне.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон/АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"