«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид

АМИТ "Ховар" ·

РАШТ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Забони миллат-ҳастии миллат» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус

РАШТ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Забони миллат-ҳастии миллат» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш меҳмонону олимон ва донишҷӯён оид ба мақому манзалати забони давлатӣ, нақши он дар таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои ниёгон сухан гуфтанд.

Иброз гардид, ки забон танҳо воситаи муошират набуда, балки таҷассумгари хотираи таърихӣ, тафаккури миллӣ ва таҷрибаи маънавии халқ мебошад. Забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ давоми таърих барои ҳифзи асолати фарҳангӣ, интиқоли дониш ва идомаи суннатҳои маърифатии миллати тоҷик нақши муассир доштааст.

Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши муносибатҳои фарҳангии ҷаҳонӣ баланд бардоштани маърифати забонӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва истифодаи дурусти забони давлатӣ дар муҳити таълиму тарбия аҳамияти хосса дорад. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ба хусус омӯзгорони оянда бояд на танҳо донандаи забон, балки тарғибгари фарҳанги баланди сухан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бошанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Источник: АМИТ "Ховар"