Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Муттаҳидӣ ба хотири об: Даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Сироҷиддин Муҳриддин оид ба муҳиммияти обу иқлим ва асари афзояндаи онҳо ба зиндагии аҳолии сайёра суҳбат намуда, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар самтҳои об ва рушди устувор, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ёдрас гардид.
Дар ин иртибот, таваҷҷуҳи хосса ба тартиби баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе ва санади ниҳоии он – «Чаҳорчӯби оби Душанбе», ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуда буд, зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки «Чаҳорчӯби оби Душанбе» метавонад дар ин раванд ҳамчун заминаи идомаи ҳамкории байналмилалӣ нақши муҳим дошта бошад.
Ҳамчунин ҳамкории муштарак ба хотири таҳкими ҳамбастагии байналмилалӣ ва густариши ҳамкории бисёрҷониба дар ин ҷода муҳим арзёбӣ гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон