Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов роҳбарони ҳайатҳои парлумониро, ки барои иштирок дар чорабиниҳои иҷлосияи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Туркманистон омадаанд, ба ҳузур пазируфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар додааст.
Дар ҳайати роҳбарони парлумонҳо — иштирокчиёни мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода низ ҳузур дорад.
Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов фаъолияти бисёрсолаи Ассамблеяро дар самти ташаккули заминаи қонунгузорӣ таъкид намуд. Пешвои миллии халқи туркман нақши вакилони парлумонро дар фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои рушди ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ дар заминаи баробарҳуқуқӣ муҳим арзёбӣ кард.
Пешвои миллии халқи туркман омодагии давлати худро барои идомаи ҳамкории муштарак бо Ассамблея тасдиқ намуд.
Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов зимни муроҷиат ба намояндагони ҳайатҳо робитаҳои бисёрсолаи Туркманистонро бо ин давлатҳо ва лоиҳаҳои муштараки амалишуда махсус таъкид намуд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон