Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев вохӯрӣ доир шуд. Тавре ба
ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев вохӯрӣ доир шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд, дар вохӯрӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳайати мунтахаби олимпии футболи мамлакат дар бозиҳои дарпешистода барору комёбӣ орзу намуд.
Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон бо мақсади баргузор намудани бозиҳои дӯстона ба Салтанати Умон сафар карда, бо мунтахаби олимпии футболи ин кишвар рақобатҳои дӯстона анҷом медиҳад.
Бозии даста 6 октябр дар шаҳри Масқат баргузор мегардад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон