Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
АМИТ "Ховар" · · g524901

ДУШАНБЕ, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо роҳбарияти Донишгоҳи политехникии Москва (Мосполитех) ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин донишгоҳ таҳсил менамоянд, мулоқот намуданд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» дар Русия хабар медиҳад.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи илму маориф, беҳтарсозии шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷик, инчунин таҳкими робитаҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндагони Сафорат оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 35 соли соҳибистиқлолӣ дар бунёду навсозии зиёда аз 36 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ, аз ҷумла бунёди ҳазорҳо километр роҳ ибрози назар намуданд.
Таъкид гардид, ки мутахассисони муҳандисӣ барои Тоҷикистон дар шароити имрӯзаи саноаткунонии босуръат аз кадрҳои калидӣ ва серталабтарин ба шумор мераванд. Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла истиқлолияти энергетикӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ кишвар ба муҳандисони баландихтисоси соҳаҳои гуногун, аз ҷумла барои сохтмон ва истифодаи неругоҳҳои барқи обӣ (ба монанди НБО-и «Роғун»), бунёди биноҳои муосир, наворҳо, нақбҳо ва шоҳроҳҳои байналмилалӣ бо назардошти бой будани табиати Тоҷикистон аз канданиҳои фоиданок, истихроҷ ва коркарди маъданҳо ниёзи зиёд дорад. Бо назардошти ҳадафи чаҳоруми стратегии кишвар — саноатикунонии босуръат талабот ба кадрҳои баландихтисоси техникӣ сол ба сол меафзояд.
Намояндагони Сафорат ҳамзамон доир ба эълон гардидани Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) изҳори назар намуданд.
Гуфта шуд, ки барои рушди босуботи иқтисодиёт ва ҷомеаи муосир Тоҷикистон ба мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои технологияҳои муосир, муҳандисӣ, тиб, маориф ва энергетика, хусусан ба барномасозон, амнияти киберӣ ва таҳлилгарони маълумот (Data Scientists) ниёзи бештар дорад.
Зимни мулоқот махсус таъкид карда шуд, ки ба хотири рушди тафаккури техникӣ ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир дар ҳама самтҳо, аз ҷумла дар соҳаи тиб солҳои 2020-2040 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуданд.
Дар мулоқот масъалаҳо оид ба пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ, пешгирии ҷавонон аз нашъамандӣ, риояи қатъии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар вохӯрӣ ба донишҷӯёни тоҷик гуфта шуд, ки дар шароити рушди бесобиқаи техникаву технология ва густариши зеҳни сунъӣ соҳиб будан ба илму дониш аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад. Сарвати асосии давлатҳоро инсонҳои донишманд, ҷавонони соҳибмаърифат ва кадрҳои баландихтисос ташкил медиҳанд.
АКС: АМИТ «Ховар»