Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳама манбаъҳои маблағгузорӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ бо 17 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Ин
ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳама манбаъҳои маблағгузорӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ бо 17 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Ин матлабро 5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб баён намуданд.
Иброз гардид, ки соли 2026 боз 20 бинои муассисаи таълимӣ бо беш аз 7 ҳазор ҷойи нишаст сохта мешавад.
Ҳамчунин Пешвои миллат изҳор намуданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳр 84 муассисаи тандурустӣ бунёд ва ба истифода дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 5 октябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб 10 иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»