ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 ноябр, якшанбе, 312-умин рӯзи соли 2026 аст

АМИТ "Ховар" · · g1816670

8 ноябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин дар ҳамоиши «Муколама доир ба таҳкими шарикӣ дар соҳаи ҳамбастагӣ» дар чаҳорчӯби ҳамоиши созмони Ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ карда шуд.

***

8 ноябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуданд.

***

8 ноябри соли 2019 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Фаронса бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Елисей оғоз гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар доираи иҷлосияи бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот намуданд.

***

8 ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ Ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкории Тоҷикистону Эрон баргузор гардид. Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Иброҳим Раисӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

***

8 нояби соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои маъмурии сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ, Корхонаи истеҳсоли бомпӯшҳои тунукагӣ ва сардхона ва Корхонаи истеҳсоли гӯгирди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Расули Валӣ»-ро ба истифода доданд.

8 НОЯБР:

Рӯзи байналмилалии маҳфили зарифон.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии бе Wi-Fi.

***

Рӯзи байналмилалии ташхиси шуоъӣ (радиология).

***

Дар Чин – Рӯзи журналистон.

***

Дар Қазоқистон – Рӯзи омор.

РӮЙДОДҲО:

8 ноябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 8-уми Шурои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

***

8 ноябри соли 2011 масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ гардид.

***

8 ноябри соли 2012 дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» муҳокима шуд.

***

8 ноябри соли 2015 варзишгари тоҷик Шаҳриёр Даминов дар Чемпионати Осиё байни ҷавонон медали тилло ба даст овард.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими рӯнамоии китоби шашҷилда ва луғати тафсирии истилоҳоти «Шашмақом» баргузор гардид.

***

8 ноябри соли 2016 масоили вақт ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср дар самтҳои гуногун баррасӣ карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1893 дар иёлати Колорадои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба занҳо ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан дода шуд.

***

Соли 1917 дар Канада агентии иттилоотии «Канадиан пресс» таъсис дода шуд.

***

Соли 1943 Ордени Шараф- ордени ҳарбии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ таъсис ёфт.

***

Соли 1948 Ҳизби коммунистии Албания ба Ҳизби меҳнати Албания тағйири ном кард.

***

Соли 1969 дар Португалия ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ озод карда шуданд.

Источник: АМИТ "Ховар"