Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 31.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони «Ташаккули фарҳанги муошират дар муҳити муосири таълимӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.
Дар кори конференсия роҳбарияти донишгоҳ, олимону муҳаққиқон, меҳмонон, устодону кормандони донишгоҳ ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ навори видеоӣ дар бораи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, мақоми омӯзгор ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия намоиш дода шуд.
Ректори донишгоҳ Мунир Сафарзода иброз намуд, ки дар шароити рушди босуръати ҷомеаи муосир ва афзоиши талабот ба сифати таҳсилот масъалаи омода намудани мутахассисони соҳибкасб, дорои ҷаҳонбинии васеъ, маърифати баланди ахлоқӣ ва фарҳанги муоширати созанда ба яке аз самтҳои муҳими рушди низоми маориф табдил ёфтааст. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ин раванд на танҳо ба ташаккули дониш ва салоҳиятҳои касбӣ, балки ба тарбияи шахсиятҳои масъулиятшинос, соҳибфарҳанг ва дорои мавқеи фаъоли иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.
Таъкид гардид, ки бо назардошти ин, рушди ихтисоси педагогика ва ташаккули фарҳанги муошират дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аҳамияти махсуси илмӣ, педагогӣ ва иҷтимоӣ дорад. Омӯзгори оянда дар баробари донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии касбӣ бояд дорои фарҳанги баланди муошират, одоби ҳамидаи инсонӣ ва маҳорати ташкили муносибатҳои созанда бо таълимгирандагон бошад. Маҳз чунин сифатҳо барои фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди таълиму тарбия заминаи устувор мегузоранд.
Натиҷа ва тавсияҳои илмию методии конференсия метавонанд барои такмили муносибатҳои педагогӣ, баланд бардоштани фарҳанги муоширати омӯзгорону донишҷӯён ва беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Кори конференсия дар ду бахш идома ёфта, дар доираи он 65 мақолаи илмии олимону муҳаққиқон ва мутахассисон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ