Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 18.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли 2026 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи 1 миллиону 600,8 ҳазор сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» иттилоъ медиҳад.

– Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим», ки дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир аст, дорои имконияти мусоиди ҷуғрофӣ, истеҳсолӣ ва сармоягузорӣ буда, метавонад дар рушди саноат, густариши тиҷорати фаромарзӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия саҳми назаррас гузорад. Аз ҷумла, рушди савдои фаромарзӣ, ташкили марказҳои савдо, анборҳои нигоҳдории мол, густариши хизматрасониҳои нақлиётию логистикӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти минтақа ба ҳисоб мераванд.

Истифодаи самараноки ин имконият метавонад ба зиёд гардидани гардиши мол, таъсиси корхонаҳои нав ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ бо соҳибкорони мамлакатҳои ҳамсоя мусоидат намояд.

Коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ

Яке аз имконияти муҳими Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ташкили корхонаҳои саноатӣ дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ мебошад. Бо назардошти имконияти маҳаллӣ, дар минтақа метавон корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли маҳсулоти хушккардашуда, афшура ва консерваҳо, инчунин марказҳои бастабандӣ ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзиро таъсис дод.

Рушди соҳаи чорводорӣ ҳамзамон барои ташкили корхонаҳои коркарди шир, истеҳсоли панир, равған, ҷурғот, қаймоқ ва маҳсулоти гӯштӣ замина фароҳам меорад. Коркарди пашм ва пӯст низ аз ҷумлаи самтҳое мебошад, ки барои истифодаи пурраи ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловагӣ имконият медиҳад.

Татбиқи чунин лоиҳаҳо метавонад ба таъсиси ҷойи нави кор, рушди соҳибкории маҳаллӣ, зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ ва афзоиши иқтидори содиротии минтақа мусоидат намояд.

Энергияи офтобӣ ва бодӣ-имконияти рушди иқтисоди «сабз»

Истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия яке аз самтҳои дигари ояндадори рушди Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар ҳудуди минтақа барои насби панелҳои офтобӣ 4 гектар замин ҷудо гардидааст. Ҳоло лоиҳаи дахлдор аз ҷониби мутахассисон таҳия шуда, дар баррасии маъмурияти минтақа қарор дорад.

Татбиқи ин лоиҳа имкон медиҳад, ки неруи барқи истеҳсолшуда барои таъмини биноҳои маъмурӣ, анборҳо ва коргоҳҳои истеҳсолӣ истифода гардад. Ин иқдом метавонад ба коҳиш додани хароҷоти энергетикии субъектҳои минтақа ва кам кардани вобастагии онҳо аз шабакаҳои умумии барқ, ба хусус дар фаслҳои тирамоҳу зимистон мусоидат намояд.

Дар баробари энергияи офтобӣ истифодаи неруи бодӣ низ аз имконияти мавҷудаи табиии минтақа арзёбӣ мегардад. Бо назардошти хусусияти ҷуғрофӣ ва мавҷудияти шамолҳои маҳаллӣ барои насби турбинаҳои бодӣ 1 гектар замин ҷудо карда шудааст.

Истифодаи ин ду манбаи барқароршавандаи энергия метавонад барои таъмини устувори неруи барқ, рушди инфрасохтори истеҳсолӣ ва коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист замина гузорад.

Ҷалби сармоя ва рушди иқтидори истеҳсолӣ

Рушди энергетикаи барқароршаванда ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» барои ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ имконияти нав фароҳам меорад. Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ метавонад ба рушди соҳаи сохтмон, насб ва хизматрасонии таҷҳизоти муосир, инчунин таъсиси ҷойи нави кор мусоидат намояд.

Дар ин раванд истифодаи самараноки имтиёзҳои андозию гумрукие, ки тибқи қонунгузорӣ ба субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешниҳод мегарданд, аҳамияти муҳим дорад. Ин имтиёзҳо метавонанд барои коҳиш додани хароҷоти соҳибкорон, ҷалби сармоя ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшаванда мусоидат намоянд.

Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дорои имконоти назаррас барои рушди истеҳсолоти саноатӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, густариши тиҷорати фаромарзӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад.

Татбиқи марҳилавии лоиҳаҳои пешниҳодшуда, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва истифодаи самараноки имтиёзҳои мавҷуда метавонанд ба таҳкими иқтидори иқтисодии минтақа, таъсиси ҷойи нави кор ва беҳтар гардидани шароити иҷтимоию иқтисодии аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусоидат намоянд.

Моҳинави НАВРӮЗ, АМИТ «Ховар»

АКС: Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим»

Источник: АМИТ "Ховар"