Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид

АМИТ "Ховар" ·

ВАҲДАТ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз муҳлат ва пурра иҷро гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод.

Ҷавонони ватандӯсту худшиноси шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод ба таври ихтиёрӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ омада, барои ҳимояи марзу буми Ватан ба хизмати ҳарбӣ рафтанд.

Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳу дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки муҳаббати ҷавонон ба Ватан ва ҳифзи марзи он пайваста зиёд мегардад. Ҷавонони бонангу номус масъулияти шаҳрвандӣ ҳис намуда, сари вақт ва ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ дохил мегарданд. Сари вақт иҷро гардидани нақшаи даъват гувоҳи он аст, ки сафи ҷавонони ватандӯст зиёд гашта, иҷрои уҳдадориашонро дар назди Ватан-Модар дарк менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «хизмат ба Ватан, аслан, хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули заҳмати осоишта мебошад. Зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасест, ки бе онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад».

Аз ин рӯ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард буда, мактаби бузурги мардонагиву ватандӯстӣ маҳсуб мешавад. Наваскарон хизмати Ватанро содиқонаву сарбаландона ба ҷо оварда, хоки онро бо матонату шуҷоати бепоён ҳифз менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 28 августи соли 2026 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбӣ ва даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ» доир мешавад. Маъракаи даъвати тирамоҳӣ аз 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябри соли 2026 идома меёбад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат/ноҳияи Файзобод

Источник: АМИТ "Ховар"