Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 26.10.2026 /АМИТ «Ховар»/ . Қасри фарҳанг, осорхонаи вилоятӣ ва Мактаби санъати шаҳри Хоруғ навсозӣ мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода ба муассисаҳои мазкур рафта, бо кормандони он суҳбат намуд. Зимни суҳбат иттилоъ дода шуд, ки Мактаби санъати шаҳри Хоруғ соли 1957 сохта шуда, имрӯзҳо садҳо хатмкардаҳои ин муассиса дар соҳаи санъати на танҳо вилоят, балки дар ҷумҳурӣ фаъолияти босамар доранд.
Зимни мулоқот масъалаҳо вобаста ба вазъи кунунии муассиса, шароити таълиму тарбия дар он ва зарурати навсозии бинои мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Раиси вилоят ба масъулин супориш дод, ки лоиҳаи навсозии Мактаби санъати шаҳри Хоруғро таҳия карда, пешниҳод намоянд.
Раиси вилоят ҳамчунин бо фаъолияти Қасри фарҳанги шаҳри Хоруғ, Осорхонаи вилоятӣ ва китобхона ба номи устод Рӯдакӣ шинос гардид.
Қасри фарҳанги шаҳри Хоруғ яке аз иншооти муҳими фарҳангии маркази вилоят ба шумор рафта, ҷойгир будани осорхонаи таърихию кишваршиносӣ дар ин бино аҳамияти онро боз ҳам бештар мегардонад. Ба Раиси вилоят оид ба таърихи иншоот ва ашёи қадимаи дар осорхона маҳфузбуда маълумот пешниҳод гардид.
Шарифхон Сафарзода таъкид намуд, ки «осорхона ганҷинаи хотираи таърихӣ, бозкунандаи роҳи тайкардаи мардум ва нигаҳдорандаи осори гаронбаҳои фарҳанги миллат мебошад. Маҳз аз ҳамин хотир, навсозии бинои мазкур муҳим ва саривақтӣ мебошад».
Гуфта шуд, ки ҳар як ашёи нодир ва ёдгориҳои таърихӣ дар осорхона саҳифае аст, ки аз гузаштаи пурғановати ин сарзамин гувоҳӣ медиҳад. Аз ин рӯ, нигаҳдории муносиб ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти осорхона аз масъалаҳои муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон