Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 19.10.2026 /АМИТ «Ховар»/ . 17-18 октябр дар Маҷмааи варзишии шаҳри Кӯлоб Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни ифтитоҳи он гуфта шуд, ки гӯштини ҷудо дар Тоҷикистон аз ҷумлаи намудҳои маъруфи варзиш ба шумор рафта, варзишгарони кишвар дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ маҳорати баланд нишон медиҳанд. Баргузории чунин мусобиқаҳо барои муайян намудани варзишгарони беҳтарин, такмили маҳорати касбии онҳо ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш аҳамияти муҳим дорад.
Дар рӯзи якуми мусобиқа ҷудокорон дар вазнҳои то 60, 66 ва 73 килограмм барои ба даст овардани мақоми ифтихорӣ бо ҳам қувва озмуданд. Дар фарҷоми сабқатҳои рӯзи якум ғолибону ҷоизадорони вазнҳои то 60, 66 ва 73 кг бо ҷоизаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар рӯзи якуми Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо, ки дар шаҳри Кӯлоб доир гардид, паҳлавонони шинохтаи тоҷик Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кг, Искандар Маҳмадхоҷазода дар вазни то 66 кг ва Масъуди Аҳмадзод дар вазни то 73 кг ҳунари арзанда нишон дода, бар ҳамаи ҳарифонашон ғолиб омаданд ва медалҳои тиллои мусобиқа ва инчунин ҳар кадоме 70 ҳазор сомониро сазовор шуданд.
Дар рӯзи дуюми Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 октябр дар шаҳри Кӯлоб ғолибону ҷоизадорони он муайян карда шуданд. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Абубакр Боқиев дар вазни то 81 кг, Музаммир Каримзода дар вазни то 90 кг, Сомонӣ Кишваров дар вазни то 100 кг ва Парвиз Абдураҳмонов дар вазни +100 кг сазовори медалҳои тиллои мусобиқа шуда, инчунин ҳар кадоме соҳиби 70 ҳазор сомонӣ гардиданд.
Ҳамчунин ҷоизадорони медалҳои нуқра ва биринҷии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби 50 ҳазор ва 30 ҳазор сомонӣ гардиданд.
Меҳрони ҚУРБОН, шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон