Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ,
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Созишномаро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷӣ ва диаспораи Ҷумҳурии Сейшел Берри Ҷуд Жан Фор дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Сейшел Патрик Ҳермини ба имзо расониданд.
Дар ҳошияи маросим ҷонибҳо дар баробари имзои созишнома ҳамчунин вобаста ба вазъ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷабҳаи ду кишвар мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар асоси Созишномаи баимзорасида шаҳрвандони ҳар яке аз тарафҳо, ки дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ мебошанд, аз талаботи раводид ҳангоми ворид, хориҷ, убур ва муваққатан будубош кардан дар ҳудуди яке аз тарафҳо ба муддати сӣ (30) рӯз озод мебошанд.
АКС: Вазорати корҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон