Қоҳир Расулзода бо директори Бюрои рушди телекоммуникатсияи Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия Космас Завазава мулоқот намуд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода директори Бюрои рушди телекоммуникатсияи Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия Космас Завазаваро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 32
ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода директори Бюрои рушди телекоммуникатсияи Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия Космас Завазаваро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол боз узви ин Иттиҳод буда, ба рушди ҳамкорӣ бо ин ниҳод дар самти рақамикунонӣ аҳамияти хоса медиҳад.
Сарвазири кишвар аз қабул шудани ташаббуси навбатии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ёдовар шуда, иброз дошт, ки рушди босуръати зеҳни сунъӣ имконоти навро барои кишварҳо фароҳам меорад.
Дар навбати худ, Космас Завазава аз саҳми кишвари мо дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ ва мавқеи фаъоли Тоҷикистон дар самти дастрасии баробари кишварҳо ба имкониятҳои зеҳни сунъӣ гарм истиқбол намуд.
Ҷонибҳо, инчунин, доир ба таҳкими ҳамкорӣ дар дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуданд.