Дар шаҳри Риёз омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Риёз Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Абдулмаҷид
ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Риёз Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Абдулмаҷид Ал-Бадронӣ мулоқот анҷом дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар доданд, зимни вохурӣ масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб, аз ҷумла раванди омодагӣ ба даври навбатии ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ