«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 21.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 баргузор шуданд. Дар гурӯҳи «В» қаҳрамони Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо дастаи футболи «Ал-Арабӣ»-и Кувайт бозӣ карда, бо ҳисоби 2:0 бар ҳарифаш ғолиб омад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».
Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар нахустин бозии худ дар гурӯҳи «B»-и Лигаи даъвати КФО-2026/27 аз дастаи футболи «Наҷмеҳ»-и Лубнон бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буд.
Ҳамчунин дар гурӯҳи «С» дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар Кувайт бо дастаи маҳаллии «Ал-Қадисия»-и Кувайт рақобат намуда, бо ҳисоби 0:1 мағлуб гардид. Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар нахустин бозии худ дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда буд.
Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе 23 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо дастаи футболи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия рақобат менамояд.