Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 11.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд то 9 октябр 39 ҳазору 780 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 33,4 фоизи нақша баробар мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо

ДУШАНБЕ, 11.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд то 9 октябр 39 ҳазору 780 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 33,4 фоизи нақша баробар мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Барои сари вақт ва босифат ба анҷом расонидани маъракаи пахтачинӣ ҷалби тамоми захираҳо ва истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда зарур мебошад.

Дар саҳро пахта хуб нашъунамо карда, умед аст, ки имсол пахтакорон ҳосили дилхоҳ рӯёнанд. Обу ҳавои зудтағйирёбандаи фасли тирамоҳ водор месозад, ки суръати чиниши пахтаро вусъат дода, барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил аз тамоми воситаю имконият истифода барем.

Кишоварзони ботаҷрибаи вилоят ҳамасола аз ҳисоби кишту парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссаи арзишманд мегузоранд. Маъракаи пахтачинӣ дар вилояти Суғд идома дошта, бо талоши меҳнаткашони вилоят интизор меравад, ки нақшаи пешбинишуда иҷро гардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Источник: АМИТ "Ховар"