Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2-3 ноябр дар шаҳри Осакаи Ҷопон Конфронси якуми байналмилалӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон — намояндагони 26 ширкати ватанӣ иштирок намуданд. Чорабинии мазкур бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тиҷорати сабзи назди палата бо мақсади тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ ташкил карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар конфронси байналмилалӣ намояндагони бахши хусусӣ ва ширкатҳои тиҷоратӣ аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Лаос, Ветнам, Малайзия, Чин, Таиланд, Тимор-Лесте ва Сингапур иштирок намуданд. Ҳамзамон масъалаҳои марбут ба густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, рушди ҳамкории сармоягузорӣ, ҷалби технологияҳои муосир ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Дар доираи конфронс ҳайати соҳибкорони Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳо, ассотсиатсияҳо ва ташкилоти тиҷоратии Ҷопон вохӯриҳои дуҷониба баргузор намуданд. Зимни ин мулоқотҳо имконоти рушди ҳамкории мутақобили судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла моҳипарварӣ, сохтмони биноҳои баландошёна, энергияи «сабз» ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия, инчунин маориф ва амалӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ баррасӣ карда шуданд.

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар доираи самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии мамлакат барои дастгирии соҳибкории ватанӣ, тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ворид гардидани ширкатҳои Тоҷикистон ба бозорҳои нави минтақавию байналмилалӣ фаъолияти худро идома медиҳад.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"