Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 то 29 октябр дар шаҳри Копенгагени Дания ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони 53 давлати ҷаҳон, аз ҷумла аз Тоҷикистон муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳол ӣ Саломуддин Юсуфӣ иштирок намуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Кумитаи минтақавӣ мақоми олии қабули қарорҳо дар Минтақаи Аврупо ба ҳисоб рафта, уҳдадории сиёсӣ ва амалӣ муштаракро барои беҳтар намудани саломатии аҳолӣ ташаккул медиҳад.
Дар ҷаласа масъалаҳои идоракунӣ сифати нигоҳубин ва бехатарии беморон, зеҳни сунъӣ ва иқтисодиёти тандурустӣ, пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ, таҳкими мусоидат ба солимӣ ва пешгирии бемориҳо ва таҳияи стратегияи нави минтақавӣ оид ба солимии равонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар доираи ин ҷаласа Стратегияи нави минтақавӣ оид ба пиршавии солим таҳти унвони «Пиршавӣ ин зиндагӣ аст: стратегияи мусоидат ба тамоми давраи ҳаёт барои солимӣ ва некуаҳволӣ дар минтақаи аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои солҳои 2026–2030» пешниҳод гашт.
Мақсади асосии стратегия – мутобиқсозии низомҳои тандурустӣ, нигоҳубини дарозмуддат ва дастгирии иҷтимоӣ мебошад, то онҳо ба таври муштарак ва самаранок барои таъмини зиндагии солим ва фаъол дар синни калонсолӣ фаъолият намоянд.
Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расидааст. Нишонаи дарозумрӣ дар мамлакат болоравии сатҳи зиндагии мардум мебошад. Инчунин омили дигари дарозумрӣ рушди иқтисодӣ, кам кардани фавти кӯдакон, кам шудани фавт байни аҳолии қобили меҳнат, инчунин кам кардани истеъмоли машруботу тамоку мебошад.
Тибқи пажӯҳишҳои Созмони Милали Муттаҳид, сабабҳои зиёд шудани умри инсон рушди иқтисодӣ, кам шудани фавти кӯдакон, кам шудани фавт дар байни аҳолии қобили меҳнат, коҳиш ёфтани истеъмоли машрубот ва тамоку, «инқилоби дилу рагҳо» (муборизаи муваффақона бар зидди бемориҳои дил ва рагҳои хунгард, аз ҷумла инсулт) кам гаштани шумораи куштор ва худкушӣ мебошанд.
Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои судманд меандешад. Дар айни замон дар мамлакат «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳ ифзи иҷ тимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон