Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон маросими муаррифии нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ (AI Innovation Hub) дар Осиёи Марказӣ, ки дар заминаи платформаи Area AI дар шаҳри Душанбе бо дастгирии ширкати NVIDIA таъсис дода мешавад, баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи конфронси байналмилалии NVIDIA GTC Berlin 2026 доир шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон хабар доданд, дар чорабинӣ директори барномаи глобалии AI Nations-и ширкати NVIDIA Шилпа Колхаткар, инчунин намояндагони ширкатҳои байналмилалии технологӣ, аз ҷумла Armada, VEON, DataVolt, Perplexity ва Supermicro иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов ба аҳаммияти рушди зеҳни сунъӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон ишора намуда, гуфт, ки оғози фаъолияти маркази мазкур бо дастгирии NVIDIA ба татбиқи ҳадафҳои қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувори Осиёи Марказӣ, ки моҳи июли соли 2025 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст, мусоидат менамояд.
Раиси Шурои зеҳни сунъӣ дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизҷон Азимӣ нақшаҳои рушди марказ ва ҳамкорӣ бо ширкати NVIDIA дар самтҳои омодасозии мутахассисони соҳаи зеҳни сунъӣ ва татбиқи технологияҳои пешрафтаи зеҳни сунъии физикӣ (Physical AI) дар саноати Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
Таъкид гардид, ки маркази нав донишгоҳҳо, таҳиягарон, ширкатҳои навтаъсис ва корхонаҳои саноатиро барои омӯзиш, таҳқиқот ва татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ муттаҳид менамояд. Таҳия ва идоракунии марказ аз ҷониби ширкати zehnlab.ai, яке аз муассисони консорсиуми Area AI амалӣ гардида, Шурои зеҳни сунъӣ дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии институтсионалии онро таъмин менамояд.
Ҳамзамон дар доираи ин ташаббус таъсиси озмоишгоҳи зеҳни сунъии физикӣ (Physical AI Lab) дар шаҳри Хуҷанд пешбинӣ шудааст, ки ба таҳқиқ ва озмоиши технологияҳои мазкур дар соҳаи саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ равона мегардад.
Бояд таъкид намуд, ки Тоҷикистон соли 2022 нахустин кишвар дар Осиёи Марказӣ гардид, ки Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъиро қабул намуд. Ташкили маркази мазкур марҳилаи навбатии рушди платформаи Area AI ба ҳисоб рафта, ба густариши имконоти омӯзиш, таҳқиқот ва истифодаи амалии технологияҳои зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон ва минтақа равона шудааст.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон