ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, ҷумъа, 296-умин рӯзи соли 2026 аст
АМИТ "Ховар" ·
23 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Хелсинки – пойтахти Финландия шуданд.
***
13 сол пеш, 23 октябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таҷлили 3000-солагии Ҳисор машварати корӣ доир намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
23 октябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ташриф оварданд.
***
23 октябри соли 2023 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори якчанд давлати хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Қазони Федератсияи Русия шуданд.
***
23 октябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор доданд.
23 ОКТЯБР:
Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ.
***
Дар Русия — Рӯзи кормандони реклама.
РӮЙДОДҲО:
23 октябри соли 1776 дар натиҷаи инфиҷори вулқони Майон (ҷазираи Лусон, Филиппин) 2000 ҳазор нафар ҳалок шуданд.
***
23 октябри соли 1946 иҷлосияи нахустини Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2000 бостоншиносони Чин осорхонаи мусиқие пайдо намуданд, ки он 2 ҳазор сол пеш дар замони сулолаи Хон сохта шуда буд.
***
23 октябри соли 2013 дар кинотеатри «Ҷомӣ» ҳафтаи филмҳои полшагӣ кушода шуд.
***
23 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмуи масъалаҳои дуҷониба доир гардид.
***
11 сол пеш, 23 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ-амалии «Тартиби ҳуқуқии Тоҷикистон ва мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: вазъ ва дурнамо» баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе дар Хонаи кино ҳафтаи филмҳои Русия оғоз гардид.
***
23 октябри соли 2018 дар Душанбе машваратҳои 7-уми сиёсии дуҷониба байни Тоҷикистон ва Амрико баргузор гардиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2020 АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки Раёсати назорати санитарии маҳсулоти ғизоӣ ва доруҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (FDA) бори нахуст доруи табобати коронавирусро сабти ном кард.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2000 олимони донишгоҳи Пенсилвания бактерияҳои қадимтаринеро кашф намуданд, ки қариб 250 миллион сол доштанд.
***
Соли 1814 дар Англия аввалин ҷарроҳии пластикӣ гузаронида шуд.