Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/ . 4 ноябр пас аз мулоқот Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд.

Источник: АМИТ "Ховар"